Корфармоёни рус ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷойҳои кории холиро бо музди меҳнати баланд - то 200 ҳазор рубл дар як моҳ пешниҳод намудаанд. Дар ин бора “Восточный экспресс” хабар додааст.
“Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия феҳристи нави ҷойҳои кории холиро, ки корфармоёни рус барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, нашр намудааст. Музди меҳнат дар таклифҳои нави аз ҷониби корфармоёни рус пешниҳодшуда хеле боло бурда шуда, то ба 200 ҳазор рубл дар як моҳ мерасад”,- навиштааст манбаъ.
Талабот ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар бахшҳои сохтмон, логистика, саноат ва коммуналӣ махсусан дар Москва, Санкт-Петербург, Урал ва Шарки Дур хеле зиёд аст. Аз ҷумла дар Маскав ҶДММ «Прогресс М» хиштчинҳоро бо маоши аз 60 000 рубл боло ба кор даъват менамояд. Ширкат раванди ҳуҷҷатгузориро бар дӯши худ гирифта, муҳоҷирони меҳнатиро бо манзил ва хурду хӯрок таъмин мекунад.
Пешниҳодҳои муфид аз ҷониби дигар ширкатҳо низ вуҷуд доранд, масалан ҶДММ «Вагоноремонтное Депо», ки дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Череповец ва Уфа фаъолият мекунад, омода аст кафшергаронро бо музди аз 100 ҳазор рубл боло ва оҳангаронро бо 90 ҳазор рубл музди меҳнат дар як моҳ ба кор қабул намояд.
Пешниҳодҳо аз минтақаҳои шимолӣ махсусан ҷолибанд, масалан соҳибкори инфиродӣ Руслан Рафаэлевич Хабибулин дар Новый Уренгой ва Салехард ба муҳоҷирони меҳнатие, ки ҳунари барқчигӣ доранд, кори хубро бо 200 ҳазор рубл музди меҳнат дар як моҳ пешкаш намудааст. Тамоми хароҷот, аз сабти ном то таъмин бо манзил ва патент аз ҳисоби корфармо пардохт мешаванд.
Дар вилояти Маскав ҶСК «Петромакс» ронандагони мошинҳои боркашро бо маоши 80 000 рубл бо чунин имтиёзҳо ба кор қабул мекунад. Дар Маскав ва вилояти Маскав ҶДММ UK Alliance коргарони анборро бо маоши аз 100 000 рубл боло ва кӯчарӯбҳоро бо 80 000 рубл дар як моҳ ҷустуҷӯ дорад.
ҶСК «Аякс Инжиниринг» дар вилояти Амур ба муҳоҷирони меҳнатӣ (разнорабочий) музди меҳнати аз 130 000 рубл боло ваъда намуда, хариди чиптаи ҳавопаймо ва тахт кардани тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро низ бар дӯши худ гирифтааст.
Коршиносон қайд мекунанд, ки афзоиши шумораи ҷойҳои кории қонунӣ бо шароити шаффоф як қадами муҳим дар самти танзими ҷараёни муҳоҷират ва коҳиш додани хатари истисмори коргарон мебошад.