1xbet
Ба НБО “Роғун” 2 роботи кафшергарӣ оварда шуд
59

Ду адад мошини роботии муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Нерeгоҳи барқи обии “Роғун” ворид гардид. Ин роботҳо вазифаи кафшергарро ба уҳда дошта, асосан дар ҷойҳое истифода мешаванд, ки барои инсон хавфнок ба ҳисоб мераванд.

Роботҳо тавассути идоракунандаи махсус (пульт) кор мекунанд: мутахассис нуқтаи лозимаро ишора мекунад ва робот ба таври худкор амалиёти кафшерро анҷом медиҳад. Идоракунии онҳо пурра аз ҷониби мутахассисони тоҷик ба роҳ монда шудааст.

Ин таҷҳизоти муосир бо ҳадафи суръат бахшидан ва осон намудани ҷараёни сохтмон дар бузургтарин иншооти энергетикии кишвар - НБО “Роғун” ворид карда шудааст.

Бо истифода аз мошинҳои роботӣ, самаранокии меҳнат чандин маротиба меафзояд ва ҳамзамон сатҳи бехатарии муҳандисону коргарон таъмин мегардад.

Меҳроншоҳ УСМОНЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД