formula
Ба ноболиғ бо чашми бад нигаристу...
440

Шоми 20-уми августи соли равон, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳаракатҳои бадахлоқонаи як мард нисбати духтараки хурдсол инъикос ёфтааст.

Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, кормандони милитсияи пойтахт бо гузашти ҳамагӣ чанд соат марди дар навор тасвирёфтаро дастгир намуда, ба мақомоти милитсия дастрас карданд.

“Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Авазбек Назархудоев, санаи таваллудаш 18.05.1979 сокини ноҳияи Шуғнони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад”,-навиштааст манбаъ. Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД