sebiston july new
Ба прокуратураи генералӣ менависем!
17.01.2023
Оила
1030

 

Залияхон Раҳимова, бибии шашоникҳои ғуррамарг мегӯяд, духтараш се соати расо дар таваллудхона навбат поидааст, агар сари вақт табибон ба ӯ ёрии тиббӣ мерасониданд, шояд набераҳояш зинда мемонанд...

Тавлиди шодифизо ва марги пурасрори шашгоникҳо дар шаҳри Хуҷанд сару садоҳои зиёдеро ба миён овардааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дирӯз бо изҳори як баёния расман сабаби марги шашгоникҳоро шарҳ дода, гуфт, ин тифлакон норасид ба дунё омада буданд ва бо сабаби вазни ниҳоят кам доштанашон фавтиданд,  вале пайвадони шашгоникҳо бо ин андеша комилан розӣ нестанд ва мегӯянд, кӯдакон аз бепарвоӣ ва бемасъулиятии кормандони тиб аз олам гузаштанд. 

Пайвадони шашгоникҳои хуҷандӣ аллакай аз болои табибон ба сарвазири мамлакат арз кардаанд. Онҳо ният доранд, ки баъди аз таваллудхона ҷавоб шудани модари шашгоникҳои ғуррамарг Муборакхон Соҳибова аз рӯйи духтурон ба прокуратураи генералӣ низ расман шикоят намоянд. 

Залияхон Раҳимова, бибии шашгоникҳои фавтида ба хабарнигорони “Азия-плюс” гуфтааст, ки баъди ба таваллудхона бурдан духтараш се соати расо навбат поид. 

“Дар таваллудхонаи вилоятӣ танҳо баъди якуним соат ӯро қабул карданд, то лаҳзаи таваллуд духтарам се соати расо дар навбат буд. Албатта ҳамаи ин ба саломатиаш таъсир кард, агар табибон сари вақт ба духтарам ёрии тиббӣ мерасониданд, шояд набераҳои ман зинда мемонданд”-мегӯяд ин зан.

Ба гуфти Залияхон Раҳимова танҳо баъди доду фиғон бардоштани хушдоманаш ҳамшираҳои шафқат ва момодояҳо ба духтараш, ки чанд соат боз дард мекашид, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба такудав афтодаанд. 

Муборакхон Соҳибова дар қайди Маркази солимии репродуктивии шаҳри Бобоҷон Ғаффуров қарор доштааст ва табибон таваллуди панҷгоникро пешгӯӣ карда буданд, аз ин хотир Залияхон Раҳимова мегӯяд: 

“Дар беморхона тамоми шароитҳои зарурӣ мавҷуданд, вале табибон нисбат ба занҳои ҳомила бисёр хунукназарона муносибат мекунанд. Бори аввал дар Тоҷикистон зан якбора шашгоник таваллуд кард, агар кормандони таваллудхона масъулият эҳсос карда, сари вақт ба ӯ ёрии тиббӣ расонида, кӯдаконро ба таври зарурӣ нигоҳубин мекарданд, шояд набераҳои ман зинда мемонаданд” –мегӯяд бибии ғамзадаи шашгоникҳои вафтида.  

Залияхон ҳайрон аст, ки чаро шашгоникҳои норасидро сари вақт ба кувез “дастгоҳи махсуси инкубатсионӣ барои нигаҳдории тифлакони навзоди норасид” нагузоштанд. 

Ба гуфти Залияхон Раҳимова оилаи духтараш қабл аз ин писарчаи даҳмоҳаашонро аз даст дода буданд ва марги шашгоникҳо болои сӯхта намакоб гаштааст, бинобар ин, онҳо ин масъаларо ҳамту намонда, ҳатман аз рӯйи табибони таваллудхонаи вилоятӣ ба прокуратураи генералӣ арзу шикоят мекунанд.  

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 10-январ бори аввал дар Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд шашгоник ба дунё омад. Тифлакон норасид ва бо вазни 700ва 600 грамми ба дунё омада, ҳамагӣ як рӯз пас вафтиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД