Arzon march 2024
Ба Русия мардикорӣ рафта, марди асилро ёфтам!
31.03.2022
ОИЛА
1449

 

Салом! Муҳаё ҳастам сокини ноҳияи Варзоб. Мехоҳам сарнавиштамро ба шумо накл кунам, то ки занони дар нима роҳи зиндагӣ танҳо монда ноумед нашаванд.

Маро падару модарам дар 18-солагӣ ба шавҳар доданд. Азбаски то шавҳар карданам бояд ягон ҷавон ишқу ошиқи накарда будам, бо як нигоҳ ба домод дил дода, бо тамоми ҳастӣ дӯсташ доштам. Солҳои аввал зиндагиамон ширин ва хушбахт будем, вале баъдтар шавҳарам нағмаҳои нав бароварда, духтарбоз шуд. Рашку итоб ва ҷангу ҷанҷолам фоида накарда, оқибат падари фарзандонам маро бо се кӯдаки хурдсол партофта рафт ва домони як зани сабукпоро гирифт. Азобҳои дар зиндаги кашидаамро фақат худо медонаму Худованд. Рӯзҳое мешуданд, ки ба фарзандонам ба ғайр аз нон дигар чизе ёфта дода наметавонистам.

Умре аз бародаронам ёрӣ пурсиданро айб дониста, худам бо ду зани ҳамсоя ба Русия мардикорӣ рафтам. Яке аз ҳамдеҳагонамон моро дар шаҳри Новосибирск пешвоз гирифта ба тарабхонае бурд. Азбаски савод ва касбу ҳунар надоштем, дар он ҷо косашуй шудем. Ман маълумоти олӣ надошта бошам ҳам, забони русиро медонистам. Соҳиби тарабхона марди сарватманд бошад ҳам, бисёр одами хуб ва рахмдил буд ва мудом аз ҳолу аҳволи мо пурсон мешуд. Чанд маротиба бо ӯ ҳамсўҳбат шуда, вазъи оилавиамро фаҳмондам. Зани покдомон буданамро фаҳмида, вай ба ман маслиҳат дод, ки умри ҷавонамро беҳуда хазон накрада шавҳар кунам ва маро бо як дӯсти тоҷикаш, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда будааст, шинос кард.

Ситораҳоямон ба ҳамдигар писанд афтод ва бо никоҳи мусалмонӣ зану шавҳар шудем. Танҳо баъди риштаи тақдирамро бо ин марди меҳрубон пайвастан фахмидам, ки марди асил чӣ хел мешудааст. Зани шавҳардида бошам ҳам, ҳамсарам маро мисли духтаракони ҷавон эрка карда, мудом гапҳои ширин мезанад ва дилбардорӣ мекунад. Се фарзанди падардорӣ бе падари маро ин марди накукор фарзандони худаш барин қабул карда, барояшон чизеро дареғ намедорад. Дар ҳоле, ки падари худашон ягон бор онҳоро суроғ намекунад, падарандар се фарзанди маро дар беҳтарин мактабҳо хононда истодааст. Хона надоштам ва мудом ғам мехӯрдам, ки ҳоли ману фарзандонам чӣ мешуда бошад, вале шавҳарам ҳамагӣ як моҳ баъди никоҳ карданамон бароям аз шаҳри Душанбе хона харида дод. Дигар аз чизе танқиси намекашам, вале ба хотири шавҳарам дар Русия зиндагӣ карда истодаам, чунки вай          дар ин чо бизнеси худро дорад ва аз баҳри кору бораш гузашта ба Точикистон рафта наметавонад.

Ба занҳое, ки хонавайрон шудаанд, гуфтаниям, ки ҳаргиз дар зиндагӣ навмед нашаванд. Пок гарданд ва сидқан дуо кунанд, Худованд албатта мушкилашонро ҳал карда, бо марди асиле рӯ ба рӯ месозад ва лаззати бахти ҳақиқиро мечашанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД