1xbet
Ба Русия ворид шудани фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро манъ мекунанд?
71

Вакилони рус ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонуни наверо пешниҳод намудаанд, ки бидуни асосҳои қонунӣ ба қаламрави Федератсияи Русия ворид шудани фарзандони ноболиғи муҳоҷирони меҳнатиро манъ мекунад. Дар ин хусус расонаҳои русӣ хабар додаанд.

Мақсад аз маҳдуд намудани вуруди фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия пешгирӣ намудани ҳар гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби ноболиғон ва ҷалби онҳо ба корҳои вазнин гуфта мешавад.

Муаллифони лоиҳа мегӯянд, ки дар аксари ҳолатҳо фарзандони навраси муҳоҷирони меҳнатӣ бо баҳонаи таҳсил ба Русия омада, қоидаҳои вурудро вайрон мекунанд ва ба ҷойи хондан кор меҷӯянд.

Мувофиқи қонуни нав минбаъд фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо бо мақсади таҳсил, табобат ё иштирок дар олимпиадаҳо, барномаҳо ва ё сафарҳои сайёҳӣ муваққатан ба Русия ворид шуда метавонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД