arzon replenishment
Ба занам ба шавҳар баромадам!
4769

Ситораи ҳунар арӯсашро
бо Nexia ба хона бурд

Пас аз Ҳабиб Нурмагамедов Алишер Тагиров бо тахаллуси Моргенштерн дуввумин шахси машҳур дар Русия ба шумор меравад. Шумораи мухлисони Алишер дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 20 млн нафарро ташкил медиҳад. Моргенштерн ҳамагӣ 23 сол дорад.
Услуби ғайриодии Моргенштерн дигар ситораҳои шоу бизнесро ба ҳайрат овардааст. Аслан туф кардан ба камера дар вақти пахши мустақим, ҳақорат кардани мухлисон, ба рӯи камера пешоб кардан ва дигар амалҳои ғайриахлоқиаш бояд кайҳо мардумро аз ин сароянда дилхунук ва ӯро аз саҳна дур мекарданд, вале рафтору кирдори авбошонааш баръакс Моргенштернро бисёр машҳур гардонидааст.

Ин шайтони саҳна ваъда дода, буд, ки то охири тобистон бо Дилара Зиннатулинаи 21-сола тӯй барпо хоҳанд кард ва чунин ҳам шуд. Ҳамагӣ як рӯз пеш аз тирамоҳ базми арӯсию домодии Моргенштерн ва маҳбубааш ба таври тантанавӣ барпо гашт.
Моргенштерн бо либосҳои мӯди солҳои 90-уми асри гузашта бо як дастагули пур аз “чупачупс” ба назди арӯси нозанинаш Дилара рафта, изҳори муҳаббат кард.


Барандаи тӯяшон ҳунарманди машҳури рус Ксения Собчак буда,
Моргенштерн арӯсашро ба мошини бобояш, ки тамғаи Daewoo Nexia мебошад, савор карда бурдааст.
Дар як акси тӯёнаи ин ҷуфти машҳур Моргенштерн дар тан либоси занонаи дарози арӯсӣ ва фата пӯшида, арӯсаш шиму костюм дорад. Дар зери акс Моргенштерн навиштааст: Ман ба занам ба шавҳар баромадам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД