Arzon march 2024
Бачае, ки кокули якунимметра дорад
990


Ҷавони 15-сола аз Ҳиндустон миёни наврасон ҳамчун навраси мӯйдарозтарин рекорди ҷаҳонӣ ба даст овард.

Сидак Сингх Чаҳал дар умраш мӯяшро қайчӣ назадааст ва дар нақша ҳам надорад. Дарозии мӯйи наврас 146 сантиметрро дар бар мегирад, ки нишондоди мазкур барои мардон рекорди ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Сидак Сингх мӯяшро ҳафтае ду бор бо кӯмаки наздикон шуста мехушконад, ки барои ин амалиёт як соат вақт сарф мешавад.

Сабаби боре қайчӣ назадани мӯяшро Сидак дар пайрави дини сикхизм буданаш маънидод мекунад. Ҷавон асосан мӯяшро тоб дода, дар пушти сараш мебандаду ҳамчун пайрави сикхҳо ба сараш саллаи махсус мепушад.

Замони кӯдакӣ вақте кӯдакон мӯйдароз буданашро масхара мекарданд, Сидак ният карда буд, ки баъди ба воя расидан онро қайчӣ мекунад. Вале имрӯз нуқтаи назари худро дигар кардааст. Акнун бо мӯйи дароз ифтихор мекунаду дигар ҳеҷ гоҳ онро қайчӣ карданӣ нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД