formula
Бачаи 14-сола дар Канали Ҳисор ғарқ шуд!
598


Бепарвоии волидон дар тарбияи фарзанд ва беназорат гузоштани кӯдакон аксаран боиси сар задани ҳодисаи тақдирсӯзе мегардад, ки доғи он як умр дар дили падару модар боқӣ мемонад. Фоҷиаи талхе дар шаҳри Ҳисор сар задааст, ки далели равшани ин гуфтаҳост.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 10- сентябри соли равон тахминан соатҳои 13.00 ҳодисаи нохуш сар зада, як бачаи навраси 14-солаи сокини Душанбе ҳангоми оббозӣ дар Канали калони Ҳисор (оббозӣ дар ин канал қатъиян манъ аст) ғарқ шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, барои ҷустуҷӯи ин навраси дар канал ғарқшуда наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ҷалб шуда буданд ва рӯзи 11- сентябр ҷисми бе ҷони ин бачаи номуродро ҳамагӣ 15 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Аз тамоми падару модарон хоҳиш мекунем ки фарзандони худ, хоса кӯдакон ва ноболиғонро бе назорат нагузоранд. Бахусус, дар соҳили кӯлу дарёҳо каналу обанборҳо бачаҳоро ҳатман ҳамроҳӣ намоед, то ба фалокате гирифтор нагарданд, Фаромӯш накунед, ки фосилаи байни маргу зиндагӣ ҳамаги як қадам аст ва он метавонад як умр дар дили падару модарон доғи сӯзонеро боқӣ гузорад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД