Arzon march 2024
БАХТАТ ХАНДИД МУҲОҶИР!
1808

Давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар самти корҳои сохтмонӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва бахши хизматрасонии иҷтимоӣ даъват намуд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ин нукта ахиран зимни баргузории ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар, баён гардид.

Намози Амири Қатар дар Душанбе: Масҷиди бузурги пойтахт кай ифтитоҳ мешавад?
Гуфта шудааст, ки ин масъаларо Шаҳноза Нодирӣ, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо ҳайати Давлати Қатар, ки ба таври фосилавӣ баргузор шуд, баррасӣ кард.

Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо қайд карданд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин самт дастовардҳои назаррасро соҳиб мебошанд.

Ҳамчунин дар мулоқот оид ба ҳамкории муштарак ва муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои тарафайн дар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ибрози назар намуда, баргузории мулоқоти фосилавиро барои муътадил гардонидани бозори меҳнат ва фароҳам овардани шароити корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Намояндагони Қатар дар Академияи Тоҷикистон
ВКД
Дар меҳмонии амири Қатар: кормандони ВКД Тоҷикистон боз ба Қатар даъват шуданд
Ҳамзамон зимни гуфтушуниди фосилавӣ масъалаҳои ба таври муташаккилона сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар, бақайдгирӣ ва барасмиятдарории муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар, ҳимояи ҳуқуқ, омӯзиши малакаҳои забондонӣ, баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ зимни фаъолияти корӣ дар Давлати Қатар мавриди муҳокимаи гурӯҳи корӣ қарор гирифтанд.

Дар интиҳои мулоқот барои татбиқи босамари санади ҳамкории мазкур тасмим гирифта шуд, ки новобаста аз пандемияи коронавируси COVID-19 нақшаи кории муштараки дуҷониба дар муддати кӯтоҳтарин таҳия ва баҳри татбиқи амалии он тадбирҳои муассир ва мушаххас андешида шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД