Oila Navruz
Бахти барбодрафта Қисми1
2522



Духтарам, имрӯз ба хонаат рав ва ба хушдоманат гӯй, ки дигар ба ту ин қадар корҳои вазнинро нафармояд. Ман туро барои хизматгор шудан ба онҳо надодаам. Дар хонаамон мисли шоҳбону будӣ,-духтарашро насиҳат мекард Парвинахола.

Ба тӯйи арӯсии Париноз нав ду моҳ шуда бошад ҳам, аллакай бори сеюм буд, ки арӯсак қаҳр карда ба хонаашон меомад ва ба модараш аз болои хушдоман ва аҳли оилаи шавҳараш шикоят мекард. Модар ба ҷои ба духтараш роҳи дурусти зиндагиро нишон додану насиҳат карда, ӯро ба сабӯрӣ талқин намудан баръакс Паринозро балво медод, ки ту канизак нестӣ, хизмати хушдоманро накун, фақаит ҳамон кореро кун, ки ба табъи худат мувофиқ аст.
-Модарҷон, дар он хона бояд келин пеш аз аъзои хонавода хеста субҳона тайёр кунад. Дар хонаи мо шумо худатон аз ҳама пеш хеста ношто омода мекунед-ку, пас чаро хушдомани ман ин корро худаш намекунад?! Хушдоманам мисли мори афъи аст, ҳар рӯз барои дер хестан ва хӯроки бемазза пухтанам маро ҷанг мекунад. Медонистам, ки оиладорӣ ин қадар душвор аст, ҳеҷ гоҳ шавҳар намекардам,-шиква мекард Паринози эрка аз модаршӯяш ба модараш.
Пичир-пичири очаю духтар ба гӯши падари Париноз расид ва духтарашро насиҳаткуно гуфт:
-Духтарам, ту барои мо амонат будӣ. Шукр, ки қарзамонро адо карда, туро бо номи неку сари баланд ба шавҳар додем. Акнун хонаи ту ин ҷо не, балки хонаи шавҳарат аст. Ҳамон ҷойро маҳкам дор ва сари моро хам накун. Ба гапҳои модарат гӯш накун, ин занак худаш намедонад, ки чи гуфта истодааст. Модарон “бахти духтарамро мехоҳам”гуфта, баъзан мисли модари ту бо меҳрубониҳои бемаъниашон баръакс боиси ҷудо шудани оилаи ҷавон ва бадбахту сияҳрӯз гаштани фарзанди худ мешаванд. Барои зан аз ҳама муҳимтар ин бахти оилавӣ аст, барои ҳамин эркагиро фаромӯш карда, кору бори хонаро ёд гир ва хусуру хушдоманатро ҳурмат эҳтиром карда, дили авҳаратро ба даст биёр,-Мирзоамак ин суханҳоро гуфту ба завҷааш нигариста "бо маслиҳату машваратҳои беақлонаат, оилаи ин қадар одамонро вайрон кардӣ, акнун навбати духтарад расид?!”-гӯён, абру чин кард.
-Эй рост мегӯям, духтари мо барои онҳо магар хизматгор аст?! Бечора духтарам келини ин оила шуда, дар бало монд-ми?! Дигар кишварҳоро бинед, занҳо худашон шоҳу табъашон вазир, чи хеле, ки хоҳанд, зиндагӣ мекунанд. Келин вазифадор нест, ки хизмати аҳли оиларо кунад,-ҳамоно паст намеомад модари Париноз.!
-Дуруст, келин ғулом ё канизак нест, вале аз рӯйи анъанаҳои неки тоҷикона арӯс бояд кору бори хонаи шавҳарашро кунад, хӯрокҳои бомазза пухта, аҳли оиларо шод гардонад ва дили пайвандони шавҳарашро бо меҳрубонию ширинсуханӣ ба даст орад. Бо кор кардан касе намурдаасту намемурад занак. Ту дигар “имрӯз занҳо худашон шоҳу табъшон вазир, куҷое, ки хоҳанд мераванд ва чи коре, ки хоҳанд, мекунанд” гуфта, бо маслиҳатҳои хонасӯзат духтаратро аз роҳ назан, ки оқибаташ фақат вой аст. Бе ин ҳам бо чунин маслиҳатҳои хонасӯзат сари се оиларо хӯрдӣ, ба оилаи духтарам кордор нашав!-таъкид кард Мирзоамак ва ба духтараш рӯй оварда афзуд:
-Париноз, духтарам, агар хоҳӣ, ки саодати дунёву охират насиат гардад, хизмати шавҳарат ва аҳли оилаашро кун. Акнун падару модари ту онҳоянд. Дар хонаи мо акнун ту танҳои меҳмониву халос. Рав духтарам, ба хонаат рав. Дили шавҳаратро ёб...
Париноз бо сари хам ба модараш нигариста бо чашмонаш аз ӯ мепурсид, ки ба хонаам равам ё не? Парвина ба духтараш нигариста "майлаш, ба гапи падарат гӯш карда, бори охир рав, агар боз ҳамин хел муносибат кунанд, он вақт ман медонам, ки бо онҳо чӣ тавр муносибат кунам” гӯён, бо қошу қавоқи гирифта, ба духтараш иҷозати рафтан дод.
Ҳамин тавр Париноз боз ба хонаи шавҳараш рафт, ҳарчанд дилаш намехост, ки ба он хона қадам гузорад, вале суханони падараш ба ӯ таъсир карда буданд....
хххххх
- Ҳа келин, мо ҳамин қадар беқаҳрем?! Маро-ку напурсидед, ақалан аз шавҳаратон иҷозат пурсед намешуд?! Бо ин коратон чӣ мехостед?
-Ҳеҷ чиз! Мемонед, ки одамвор зиндагӣ кунем ё не?! Аз дасти шумо дар ин хона рӯз надорам,-дод ад Париноз ва бо чеҳраи гиирфта ба хонаи худаш даромад.

Фируза редактор тсел, [24.01.2023 15:59]
Хусураш аз тиреза рафтори келинчакро дида, дар ғазаб шуд, вале ба хотири писараш базӯр дандон зери дандон гирифта, чизе нагуфт.
Арӯсак бо ҳамин дигар аз хонаи хобаш набаромад, ҳатто барои пухтани хӯрок ҳам. Бечора хушдоманаш худаш дасту остин барзада ба пухтани оши палав сар кард. Ош пухта истода вай хатоҳои худашро дар зиндагӣ пеши назар меовард ва "хайр, келин ҳоло ҷавон аст, шояд рӯзе ақлаш ба сараш зада, ҳамааш хуб мешавад” гӯён, худро тасаллӣ медод, вале...
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД