sebiston july new
БАХТИ ТУРО СЎХТАМ, МАРО БУБАХШ!
08.01.2021
Р. Азимӣ
9880


Ҳамон рӯзе, ки туро ба ҷавоне фотиҳа намуданд, дар дил ҳазорон бор ба ишқ лаънат мехондам. Охир мо доимо паҳлӯи ҳам будем ва ҳеҷ ба гӯшаи хаёлам намеовардам, ки байни ману Шабнамам ҷудоӣ меафтад. Худро гунаҳгор медонам, ки дар як мулоқоти шабонаамон масти бӯсу канори якдигар гаштему Шабнамро якумра бадбахт намудам.

Падари Шабнам хостгории маро напазируфта, шаш маротиба пайвандонамро аз хонааш ронд. Шабнамро бошад ба писари як дӯсти сарватмандаш дод. Пас аз тӯй дар хонаи падари Шабнам ҷанҷоле барпо шуд. Домод бо садои баланд: «Ин фоҳишаро дидаву дониста ба ман додаед, ман ин кори кардаатонро беҷазо намемонам», -гуфта худро ба дару девор мезад. Мардуми деҳа аз ин хабар огоҳ шуда, аз авлоди Шабнамино рӯй гардониданд.
«Обрӯи моро дар замин задӣ», -гуфта падараш Шабнамро оқ кард. Холааш худи ҳамон шаб Шабнами дасту по шикастаро ҳамроҳаш ба шаҳр бурд. Мунтазир будам, ки Шабнам ба хонаи мо омада: «Ту маро ба ин ҳол овардӣ, -мегӯяду ман муллоро ба хона оварда никоҳ мекунам. Аммо ӯ сири моро фош накарда дигар аз худаш дарак надод.

Падараш ба таънаи мардум тоб наоварда, худашро зери чархи мошин партофт. Бародари дигараш худашро дар анбори деҳа ба дор кашид. Модараш ду маротиб сактаи дил шуд. Ин ҳама аз беақливу касофатии ману Шабнам сар зад. Имрӯзҳо азоби виҷдон мекашам, ки беҷуръатӣ карда Шабнамро муҳофизат карда натавонистам ва авлоди онҳоро бадному парешон кардам.

Исмоил, н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД