sebiston july new
Балои дупо (Ҳаҷвия)
2682

Падар:-Писарам, аз худам ҳам бештар дилам ба ту дилам месӯзад!
Писар: -Чаро дадо?
Падар:- Охир ту нав ба балои бад гирифтор мешавӣ, бачем.

Писар:-Кадом бало?
Падар:-Ҳамон балое, ки бо садои карнаю сурнай ба хонаи мо меояд.
Писар:-Дадо, кӣ меорад он балоро?
Падар:-Модарат ёфт, акнун ёру дӯстонат рақсу бозикунон ба хонаи ту меоранд.
Писар:-Вай чӣ хел бало будааст, ки ёру дӯстон меоранд?
Падар:-Балои дупо бачам.
Писар:-Модарам аз куҷо ёфтагӣ он балоро?
Падар:-Аз хонаи дугонааш.
Писар:-Кай ёфтагӣ?
Падар:-24-сол пеш!
Писар:-Баъд бо он бало чӣ кор кардан лозим?
Падар:-Тоқат бачем, тоқат!
Писар:-Дадо, рости гап ман шуморо нафаҳмидам
Падар:-10 рӯз пас мефаҳмӣ, писарам.
Писар:-Чаро ҳозир нею 10 рӯз пас будааст?
Падар:-Чунки баъди 10-рӯз тӯй мешавад, ҳа туй!
Писар:-Ҳум-м-м. 10 рӯз пас не, даҳ дақиқа пеш фаҳмидам.
Падар:-Як бор пушти дарро хабар гир, мабодо муши дупо дар он ҷо набошад.
Писар:-Хавотир нашавед дадо, модарам хонаи балои ман рафтагӣ...

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД