Arzon march 2024
Баҳодур Давронов дар зери чархи таксӣ ҷон дод
1729

Зиндагӣ ширин ва ҳар лаҳзаи ҳаёт ғанимат аст, аммо аксаран мо хеле дер ба дарки ин ҳақиқати бе баҳс мерасем.

Инсон намедонад, ки кай ва дар куҷо аждари марг ба гиребонаш чанг мезанад ва ғофил аз бозиҳои талхи сарнавишт нақшаҳои зиёде мекашад, аммо тақдири бадкирдор гоҳо дар фосилаи як мижа задан метавонад тамоми орзуву умедҳои моро ҳамраҳи худамон ба хоки сияҳ яксон созад. Ҳодисаи хунине, ки ба сари Баҳодур Давронов омад, делили равшани ин гуфтаҳост...


Баҳодур Давронов сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, ҳамагӣ 52-сол дошт. Ӯ дар авчи камолоти умр буда, дар дил орзуву ҳавас ва нақшаву ниятҳои зиёде дошт, аммо бо амри сарнавишт ва ё аз беэҳтиётии як ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ зери чархи таксӣ монда, бар асари ин садамаи қисматсӯз ҷон ба ҷонофарин супурд.


Тавре ки Вазорати умури дохилии кишвар хабар медиҳад, ин ҳодисаи нохуш дирӯз, тахминан соатҳои 20:05 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аксент» муттааллиқ ба ҶДММ “Олуча Таксӣ» Муқимов Саидҷон Шарифович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми харакат дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Давронов Баҳодур Набиевич, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.


Дар натиҷа, пиёдагард Давронов Б.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас мегардад, аммо бар асари захмҳои бардоштааш дар бемористон ба ҳалокат мерасад. Таҳқиқот аз рӯйи ин ҳдиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД