Commerc banl
Баракати саҳархӯрӣ
02.03.2026
Oila.tj
63

Моҳи мубораки Рамазон айёмест, ки инсон матонату устувории худро меозмояд ва пирӯзиашро аз болои нафс эҳсос мекунад.

Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: "Агар умматони ман шарафи моҳи Рамазонро медонистанд, таманно мекарданд, ки тамоми сол Рамазон бошад". Чунки тоати он мақбул, дуои он мустаҷоб ва гуноҳи он бахшида мешавад.

Ҳар шахс рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро ба ихлоси том ва бо сабри зебо рӯза дорад, иншоаллоҳ, гуноҳони яксолааш омурзида мешавад. Барои бе нуқсон рӯза доштани моҳи муборак саҳархӯрӣ кардан муҳим аст, зеро Расули Худо (с) саҳархӯриро тавсиф намуда, фармуданд: «Дар саҳархӯрӣ баракат аст». (Ривояти Ибни Ҳиббон). Ҳамчунон ки моҳи мубораки Рамазон нисбат ба дигар моҳҳо фазилат дорад, дар ин моҳ саҳархӯрӣ низ ҳамон қадар фазилат ва баракат дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД