Arzon march 2024
Барномасози 6-сола
1106

Писарбачаи 6-солаи ҳинду Арҳам Талсания ба китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун барномасози ҷавонтарин ворид гардидааст. Ин толибилми синфи ду услуби барномасозии Python-ро аз худ намуда, дар маркази тестии Pearson VUE имтиҳон супоридааст.«Ман мехоҳам замимаву бозӣ ва системаҳои барномасозиро тартиб дода, ба нафарони ниёзманд кумак расонам»,-иқрор шудааст Арҳам. Падари писарак, ки аз рӯйи касбу кор муҳандис-барномасоз аст, мегӯяд писараш сараввал ба бозиҳо шавқ дошт ва баъдан барои сохтани он машғул шуд. Баъди он ки Арҳам асосҳои барномасозиро аз худ намуд, акнун бозиҳои хурди шахсии худро тартиб дода метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД