Arzon march 2024
Барои иштирок дар амалиётҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ҷазо медиҳанд?
01.09.2024
ОИЛА.ТҶ
643

Дар Русия маро маҷбуран ба аскарӣ даъват карда, ба майдони ҷанг бурданд. Баъди адои хизмат ба Ватан баргаштаниам, вале донистан мехостам, ки оё маро барои иштирок дар амалиётҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ҷазо медиҳанд, ҳарчанд ман бо хоҳиши худам нарафтаам?

Ҷавоб:

- Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Агар шуморо аз сабаби шаҳрвандии ҳамон давлатро доштан ба ҷанг бурда бошанд ва ба таври ихтиёрӣ боз баргардед, ҷавобгар намешавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД