Commerce bank may-june 2026
Барои маълумотномаи тиббии қалбакӣ муҳоҷиронро аз Русия ихроҷ мекунанд
130

Думаи давлатии Русия рӯзи 27-уми май дар хониши ниҳоии сеюм чанд қонуну қоидаҳои нави муҳоҷиратиро қабул намуд, ки сиёсати муҳоҷиратии ин кишварро боз ҳам пурзӯртар месозанд.

Тағйиротҳо ба қоидаҳои аз ташхиси тиббӣ гузаштани шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дахл доранд. Барои риоя накардан ба ин қоидаҳо ҷарима ва депортатсия пешбинӣ шудааст ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо муҳоҷиронро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида метавонанд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба муҳлати зиёда аз се моҳ барои кор ва зисту зиндагӣ дар ин кишвар ба Русия сафар мекарданд, дар бадали 90 рӯзи тақвимӣ аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд, вале тибқи қоидаҳои нав акнун чунин шахсон бояд дар бадали 30 рӯз аз муоинаи тиббӣ барои ташхиси нашъмандӣ, истифодаи моддаҳои психотропӣ ва гирифтор будан ё набудан ба бемориҳои сироятӣ гузаранд.

Муассисаҳои тиббӣ вазифадоранд, ки пас аз ташхис дар муддати 24 соат хулосаи худро ба Вазорати корҳои дохилӣ ва “Роспотребнадзор” дар бораи ошкор шудани ҳолати нашъамандӣ ё ба ягон бемории сироятӣ гирифтор будани муҳоҷир пешниҳод намоянд.

Дар сурати ошкор шудани таҳдид ба саломатии мардум, ин гуна муҳоҷирон сари вақт аз қаламрави Федератсияи Русия депортатсия карда мешаванд.

Барои саркашӣ аз муоинаи тиббӣ ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи то 50 000 рубл ё депортатсия бо қарори суд пешбинӣ шудааст.

Барои пешниҳод кардани маълумотномаи тиббии қалбакӣ, ки мавҷуд набудани бемориҳои хатарнокро дар шахси дар ҳақиқат бемор тасдиқ мекунад, то 8 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи то 3 миллион рубл пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД