sebiston july new
Бе падар нестам! Қисми 2
1291

 

Боре ҳатто бо густохӣ Моҳира гуфт, ки – «агар маро назди падарам набарӣ, аз хона мегурезам ва дигар ба мактаб намеравам». 

Модар аз ин пурсишҳои густохонаи Моҳира сахт ба ғазаб омада, он вақт бори аввал дар ҳаёташ духтарчаашро зери тозиёна гирифт. Чунон зад, ки ҳатто дастонаш ба дард омаданд. Вақте ба худ омад, Моҳира беҳуш шуда буд.

Сайёра «вой ман чӣ кор кардам?» гӯён, зуд ба рӯйи Моҳира об зада, ӯро ба ҳуш оварду рӯйи дастон гирифта, сарашро ба қафаси синааш ҷафс карда, хеле гирист.

– «Ман чӣ кор кардам? Чаро кӯдакамро задам? Чаро ӯро азият додам?» –гӯён хеле гиристу баъд аз гиряи зиёд ниҳоят аз ҷой бархоста, либосҳои Моҳираро кашида, сару танашро шуста, ба ӯ либосҳои тоза пӯшонда гуфт:

-Илтимос духтарҷон, дигар дар бораи падарат аз ман чизе напурс. Номи ӯро шунавам, девона мешавам. Агар ӯ мову туро дӯст медошт, партофта намерафту ба суроғат меомад. Пагоҳ туро ба магазин бурда, ба ту сару либоси нав ва палто мехарам.

Моҳира бо саркашии кӯдаконаи худ «дигар либосҳои харидаатро намепӯшам»-гӯён, сарашро сари зонуи модар монда, хобаш бурд. Вале аз ҳамон рӯз ӯ дигар тағйир ёфт. Дигар он Моҳираи хандонрӯ набуд. Тамоман кӯдаки ором шуда, хандаву табассум аз лабонаш ғайб зада буд. Баъд аз ду се маротиба пурсиданҳо танҳо як маротиба ҷавоб медод ва он ҳам хеле кӯтоҳ. Гӯё кар шуда буду намешунид. Дар кӯча низ бо ҳамсолонаш бозӣ намекард. Дар мактаб низ баҳои ӯ аз 5 якбора ба 3 ва ҳатто 2 фаромад. Дигар ҳатто дар бораи падараш ҳам аз модар намепурсид. Хаёлӣ шуда буд. Барои кӯдак ин бисёр ҳолати вазнин буд. Модар аз ин ҳолати ӯ хеле дар ташвиш шуда, кӯшиш мекард, ба фарзандаш кӯмак кунад, аммо фоида надошт. Моҳира ҳама насиҳатро хомӯшона гӯш мекард, вале ҳеҷ гоҳ посух намедод. На бозичаҳои харидаи модар ва на либосҳои нав ӯро хурсанд намекард. Сайёра сахт хавотир шуд. Ба духтур муроҷиат карданӣ шуд, вале фикр кард, ки хубтараш аввал бо муаллими Моҳира маслиҳат кунад. Агар муаллимаш коре карда натавонад, баъд ӯро назди ягон равоншинос мебарад.

Бо ин ният Сайёра як рӯз ҳамроҳи Моҳира ба мактаб омада, дар танҳоӣ бо роҳбари синфи ӯ Бақозода ҳамсӯҳбат шуда, кӯмак хост. Бақозода ваъда кард, ки ҳатман бо Моҳира ҳамсӯҳбат шуда, кӯшиш мекунад дарди дили ӯро фаҳмад. Зеро худи Бақозода ҳам аз вазъи Моҳира хавотир шуда буд. Омӯзгор мувофиқи ваъдааш баъд аз дарс Моҳираро ба утоқаш даъват карда, бо ӯ сӯҳбат кард. Сабабҳои ба ин ҳол гирифтор шуданашро пурсид. Моҳира аввал хеле хомӯш истод, вале худро нигоҳ дошта натавониста, якбора бо овози баланд гирист. Хеле гиристу гуфт:

-Муаллимҷон, ба ман ҳамсинфон таъна мезананд, ки ту бепадарӣ. Туро падарат партофтааст. Вале ман падар дорам ку. Ман бепадар нестам ку? Маро назди падарам баред, ӯро дидан мехоҳам.

Бақозода аз чунин чолокии Моҳира дар ҳайрат афтода, гуфт:

-Бале, медонам, ки падарат зинда аст ва ӯ борҳо кӯшиши дидани туро карда буд. Вале модарат ҳамеша монеъ мешуд. Ман низ борҳо модаратро насиҳат кардам, ки ба дидорбинии туву падарат монеъ нашавад, аммо ӯ гӯш накард. Агар ту розӣ шавӣ, ман як бори дигар дар ин бора бо модарат сӯҳбат мекунам, то иҷозат диҳад, ки ту бо ӯ вохурӣ.

Моҳира якбора гирякунон аз дастони муаллим дошта гуфт:

-Не, не, муаллимҷон! Агар модарам фаҳмад, ки ман бо падарам вохӯрдан мехоҳам, маро мекушад.

Бақозода гуфт:

-Чаро мекушад? Бепарво бош. Ман бо ӯ сӯҳбат мекунам.

-Не, не муаллимҷон, -гуфт бо овози ларзон Моҳира. –Ман метарсам. Ӯ маро мезанад.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД