Дирӯз дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар соли 2026 оғоз шуд. Дар рӯзи якуми мусобиқа ҳаводорони варзиш шоҳиди финали тоҷикӣ дар вазни то 66 кг шуданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, паҳлавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм рақобатро оғоз намуд. Дар ин марҳила паҳлавони мо намояндаи Муғулистон - Унурбат Ҷантсандоржро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар ин марҳила Эмомалӣ бар намояндаи мизбон Хуэ Зиянг ғолиб омада, ба финал роҳ ёфт.
Ҳамин тавр, дар финал ду паҳлавони тоҷик - Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ба гиребон шуданд. Дар натиҷа Эмомалӣ Нуралӣ ғолиб омада, медали тилоро соҳиб шуд. Ин аввалин медали тило дар корномаи Эмомалӣ Нуралӣ дар Чемпионати Осиё ба ҳисоб меравад. Соли гузашта Эмомалӣ медали биринҷӣ гирифта буд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Нуралӣ пас аз 9 сол ба Тоҷикистон медали тило аз Чемпионати Осиё меорад. Охирин маротиба соли 2017 дар Ҳонконг паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба гирифтани медали тилои Чемпионати Осиё ноил шуда буд.