Arzon march 2024
Бемории сил аз модар ба кӯдак мегузарад?
359

 

Дар ҷомеаи мо силро бемории воҳиманок нишон медиҳанд. Атрофи ин беморӣ назари  аксарияти мардум нодуруст аст.

Агар зан гирифтор ба бемории сил шавад ба ин андеша мешаванд, ки фарзандони носолим ба дунё меорад ва ё умуман фарзанд таваллуд карда наметавонад. Фаҳмидан мехостам, ки оё бемории сил доштани зан ба кӯдак сироят мекунад?  

Фазлиддин Раҳимов

Ба ин саволи хонандаи мо Аслиддин Раҷабов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ посух гуфтанд.

Лозим ба ёдоварист, ки зани ҳомиладор дар вақти табобати зиддисилӣ бошад ҳам фарзанди солим таваллуд мекунад. Дар давоми ҳаёт чанд фарзанде, ки таваллуд мекунад шаҳрванд фарзандони вай солим ба дунё меоянд. Яъне, сил бемории ирсӣ нест аз модар ба фарзанд намегузарад.

Танҳо дар як ҳолат модар метавонад бемории силро сироят кунад. Агар бемории сили фаъол дошта, он микробхориҷкунанда бошад ва фарзандони худро нигоҳ накарда, чораҳои беҳдоштро риоя накунад беморӣ сироят меёбад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД