toyota motors
Бернарду Силва баъди 9 сол “Манчестер Сити”-ро тарк мекунад
07.04.2026
Oila.tj
59

Нимҳимоятгари бошгоҳи “Манчестер Сити” Бернарду Силва баъди анҷоми мавсими ҷорӣ дастаашро тарк мекунад. Дар ин бора Sky Sports бо истинод ба сармураббии даста Пеп Гвардиола хабар додааст.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, қарордоди футболбози 31-солаи португалӣ бо “Манчестер Сити” то охири моҳи июни соли 2026 амал мекунад. Силва аз соли 2017 инҷониб дар ҳайати даста ҳунарнамоӣ дорад ва яке аз бозигарони калидии клуб ба ҳисоб меравад.

Ёрдамчии сармураббӣ Пепейн Лейндерс низ дар бораи аҳамияти Силва сухан гуфта, ӯро бозигари беназир номидааст. Ба гуфтаи ӯ, набудани Силва фавран эҳсос мешавад ва чунин футболбозро иваз кардан ғайриимкон аст.

“Вақте ӯ дигар дар даста нахоҳад буд, ҳама мебинанд, ки чӣ қадар намерасад. Ӯ бозигари нодир аст, аз назорати тӯб то қароргириҳо дар майдон”,- гуфтааст Лейндерс.

Ҳамин тавр, бо рафтани Бернарду Силва як давраи муҳим дар таърихи “Манчестер Сити” ба анҷом мерасад. Бозигари португалӣ 9 сол боз шарафи дастаи “Манчестер Сити”-ро ҳимоят карда, дар 450 бозӣ ба задани 76 гол, 77 ассист даст ёфта, 18 ҷоиза ба даст овардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД