Дар шаш моҳи соли равон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 554 ҳазору 498 ҷаҳонгард дидан кардаанд. Ба иттилои расида, аз ин шумора 45 ҳазору 970 нафар ҷаҳонгардони хориҷӣ мебошанд.
Афзоиши ҷаҳонгардон дар вилояти Хатлон назар ба солҳои қаблӣ бесобиқа будааст. Рушди инфрасохтори сайёҳӣ, дастгирии ҳукумати кишвар, ташкили фестивалу чорабиниҳои фарҳангӣ ва таблиғи васеи имкониятҳои сайёҳии Хатлон дар афзоиши шумораи меҳмонон нақши муҳим бозидааст.
Ёдовар мешавем, ки вилояти Хатлон дорои беш аз 940 мавзеи табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ буда, ҳамасола ҳазорон нафар аз дохил ва хориҷи кишвар аз онҳо дидан мекунанд.