Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.
Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст.
Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ.
Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро гармию рӯшноӣ мебахшӣ.
Модар - зиндагӣ аз ту оғоз мешавад ва дунё аз бӯйи муқаддаси ту атрогин аст.
Модар - бонуи ҳар як хонадону ҳуснбахши замину нусратбахши тамоми руҳи инсон ҳастӣ.
Модар - сафедии мӯйи сарат барои фарзандонат роҳи сафеди зиндагист.
Модар - нафаси ту насимест, ки оромишро дар ҷону тани мо ҷорӣ мекунад.
Модар - чеҳраи нуронии ту барои мо азизу муқаддас аст.
Модар - дасти навозишгари ту таскинбахши мо дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ аст.
Модарҷон - ҳар як тори мӯятро мепарастам, зеро мӯйи чун шаб сиёҳу рӯйи чун рӯз сафедат барои ба камол расидани ҷигарбандонат сапед гаштаву дар рухсораҳои гули садбаргат оҷангҳо падид омадаанд. Тамоми умр баҳри пешравию саодатмандии рӯзгори фарзандонат кӯшиш кардаӣ ва ба зиндагии мо шукӯҳу шаҳомат бахшидаӣ.