formula
Бевазан бошам ҳам, сабукпо нестам!
1961

 

Ман як зани шавҳармурдаам. Чор фарзанд дорам. Дар як ҳавлӣ, вале аз хусуру хушдоманам ҷудо зиндагӣ мекунам.

Бори гарони зиндагӣ танҳо бар дӯши худаму бачаҳоям аст. Мо дар як маҳаллаи дурдасттарини яке аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ истиқомат мекунем.

Шаб, ки аз нисф гузашт, ба боми хонаам санг задани душманонам сар мешавад. Бовар кунед, дар болои боми хонаам аз дасти онҳо ягон бомпӯши обод намондааст. Намедонам ин мардум аз мани бевазан чӣ мехоҳанд.

Духтаронам калон шуда истодаанд, метарсам, ки ба фарзандонам ягон зарар нарасонанд. Аз дасти ин разилон зиндагиям ноором гаштааст. Намедонам дардамро ба кӣ гӯям. Чанд бор ба раиси маҳалла муроҷиат кардам. Мебинем гуфта ваъда доданду аз пасаш нашуданд. Дигар илоҷ наёфта, ба редаксия муроҷиат намудам. Мехоҳам аз минбари баланди «Оила» ба он хонашерони майдонғариб гӯям:

Аз пушт корд назанед, зеро ин оини ҷавонмардӣ нест. Чаро номардона аз бому дар қасд мегиред, мард бошед, гапатонро рӯ ба рӯ бигӯед! Зани шавҳармурда бошам ҳам, фоҳиша нестам! Ягон дилу нияти бад дошта бошед, беҳтараш аз баҳраш гузаред, чунки ман бо ягонтои шумо айшу ишрат карданӣ нестам! Дилу виҷдону имонам пок аст ва Худо хоҳад, то абад пок мемонад!

Д.Б.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД