arzon replenishment
Бо бойбачаҳо ҳамроҳ шуда «хар» шудам
4093

Мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намудаму падару модарам тамоми буду набудашонро сарф намуда, маро барои идома додани таҳсил ба Москав фиристоданд.

Дар аввал ҳамааш хуб буд, дар байни ҳамсабақонам аз ҳама фаъолтар будам, идрорпулии нағз мегирифтам, вале баъд бо бачаҳои бероҳагард ҳамроҳ шуда, аз кӯчаи одамгарӣ тамоман баромадам. Дӯстонам ҳамаашон бойбача буданд, пушташон зӯр, ки буд, парвои санҷишу имтиҳонҳо надоштанд. Ман ҳам поямро ба пойи онҳо дароз карда, рӯзи дароз ба ҷойи ба донишгоҳ рафта дарс хондан дискотека ба дискотека мегаштам. Васвасаи шайтон фикри орзуву умеди падару модари раҳдур ва ояндаи худамро тамоман аз сари ман дур карда буд. Ғариб буданамро аз ёд бурда, кайфу сафо карда мегаштам, гӯё Маскавро бобоям сохта бошад, худро соҳиби шаҳр эҳсос карда, чи номаъқулие, ки мехостам, кардан мегирифтам. Ақлам вақте ба сарам зад, ки номамро дар рӯйхати ба хориҷ пешниҳодшудагон дидам. Бо умед ба ҷӯраҳоям муроҷиат кардам, то тағоҳояшонро восита карда, маро аз хориҷшавӣ наҷот диҳанд, аммо хаёлам хом баромад. Дӯстонам дар рӯзи сахтӣ дастамро нагирифтанд. Ҳамин тавр маро аз донишгоҳ хориҷ карданд. Ҳоло аз ночорӣ аробакашӣ карда истодам.

 


 

 

МАРДИ 440 КИЛОГРАММА ЗАН МЕҶӮЯД

 


 

Падару модарам дар ду – се рўз як бор ба ман занг зада авњолпурсӣ мекунанд, сир бой надода ҳамааш хуб аст, дарсҳоям нағз рафта истодаанд гӯён, дилашонро пур мекунам, ки писарашон хонда истодааст ва одами калон мешавад. Намедонам дар қиёмат ҷавоби ин ҳама дурӯғро чӣ тавр медиҳам. Дарди диламро ба он хотир ба «Оила» кушодам, ки тақдири ман ба дигар ҷавонон панд шавад ва дар мулки бегона аспи бе зину афзол барин худро ба ҳар тараф зада, оқибат мисли ман дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон намонанд…
Равшан, ш.Кўлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД