Oila Navruz
Бо дуои падар Нурулло боз ғалаба кард
495


Нурулло Алиев дар нишасти хабариаш ба рӯзноманигорон гуфт, ки пеш аз сафар падарам маро дуои нек дода, даст боло шуданамро орзу намуда буд. Паҳлавон илова кард, ки баъди бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштанаш ӯро хонадор мекунанд.

Нурулло Алиева дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар аввалин рақобаташ дар мусобиқоти "UFC Vegas 70" дар вазни сабук пирӯз шуд. Ин размкори тоҷик шаби 26-уми феврал дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА Рафаэл Алвеси бразилиягиро шикаст дод.

Наворҳои видеоӣ аз рафти ин муҳориба, ки дар он ҳама ба як овоз номи варзишгарро гирифта, ба ҷонибдориаш садо баланд мекарданд, қабл аз шурӯи бозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, расонаҳои дигари ҷаҳон ҳам онро бознашр намуданд.

Баъди бозӣ Нурулло гуфт, пирӯзии худро ба модараш, ки чанд рӯз пеш зодрӯз дошт ва барои ӯ хеле нигарон буд, мебахшад.

Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон мебошад, ки ба созмони UFC (“Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир аст. Ӯ дар ҳамаи 9 қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст.

Нурулло Алиев устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба панкратион мебошад.
Баъд аз нашри наворе, ки дар он ҳазорон нафар дар нисфи шаби 25 ба 26- уми феврал барои мухлисӣ аз Нурулло Алиев дар варзишгоҳи Душанбе ҷамъ омада буданд, Дана Вайт, президенти UFC гуфт: “Бубинед, чӣ теъдод аз одамон барои дидани аввалин муҳорибаи Нурулло дар UFC ҷамъ омадаанд. Ин олӣ аст,”, хабар додааст “Радиои озодӣ”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД