arzon november
Бо ошиқам гурехта, пушаймон шудам!
01.01.2022
Zebo
1800

Очаҷон! Ягона ғамбарору ғамгусорам ту будӣ. Дар бари домонат сар гузоштан хушбахтии бузурге буд бароям. Бе дуоят рахти сафар бубастам. Аз ту омурзиш мехоҳам, модар! Ишқ нагузошт, ки насиҳататро шунавам. Падарам хостгории азизи дили маро напазируфт. Модарҷон, худатон медонед, ки ғайри шумо дигар касе намехост Умед ҳамсари ман шавад. Бо дӯстдоштаам маслиҳат кардем, ки мегурезему зиндагиамонро дар ғурбат обод месозем. Барқасди падарам гапи Умедро гирифта, ҳамроҳаш ба Русия омадам, вале аз рӯзе, ки аз хона фирор намудам, рӯйи шодиро надидам. Ашк аз ҳамон рӯз инҷониб аз дидагонам мерезад. Дар бари дӯстдоштаам бошам ҳам, заррае худро хушбахт намеҳисобам. Пушаймонам аз беандешагиҳоям. Худ ба худ фикр мекунам, ки баъди гурехтани мо дар деҳа чӣ ҳодиса рӯй дода бошад. Кӣ медонад, шояд ду авлод хунрезӣ ҳам карда бошанд.
Духтари сарсахту берӯзиятро бубахш, модарҷон!
Гулноз, аз Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД