Formula novemver 2024
Болгария 1000 нафар муҳоҷирони тоҷикро ба кор қабул мекунад
716

Яке аз самтҳои асосии сиёсати муҳоҷиратии Ҷумҳурии Тоҷикистон диверсификатсия, яъне васеъ намудани самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Дар доираи шартномаҳои байнидавлатӣ имрӯз кишвари мо метавонад шаҳрвандони худро ба 17 давлати дунё ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристад. Яке аз ин давлатҳо Булғористон - Болгария аст.

Болгария киҳоро қабул мекунад?

Ду ширкати калони Болгария омодаанд, ки 500 нафарӣ, дар маҷмӯъ 1000 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кор қабул намоянд. Инҳо ширкатҳои “United Business Cub» ва «Excellence Solutions Group EOOD» мебошанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Болгария бо чӣ корҳо машғул мешаванд?

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Болгария дар соҳаҳои сохтмон, таъминоти обу газ, логистика кор карда метавонанд. Дар ин кишвар дар тарабхонаҳо низ кор кардан имконпазир аст. Муҳандисон, аз ҷумла муҳандисони сохтмон ва барқ, ҳамчунин кафшергарон, борбардорон ва шахсоне, ки дар анбор кор кардаанд, имконият доранд, ки ба Болгария ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

Шароитҳои корӣ

Мувофиқи маълумотномае, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, барои муҳоҷирони корӣ дар Болгария тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда шудаанд. Ширкатҳои корфармо муҳоҷирони меҳнатиро бо хобгоҳи ройгон, либоси корӣ ва хӯроки гарм таъмин мекунанд.

Чипта ва ҳуҷҷатгузорӣ

Маблағи чиптаи ҳавопаймо ва тахт намудани ҳуҷҷатҳои заруриро барои муҳоҷирони меҳнатӣ худи ширкатҳо бар дӯш гирифтаанд.

Аз муҳоҷирон чӣ талаб карда мешавад?

Шахсоне, ки мехоҳанд ба Болгария ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, бояд забонҳои русӣ ва англисиро ақаллан дар ҳадди гуфтугӯ донанд. Доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбият ҳатмист.

Барои муҳоҷират ба Болгария ба куҷо бояд муроҷиат намуд?

Шахсоне, ки мехоҳанд ба Болгария ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, метавонанд ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Садриддин Айнӣ 121 (маҳаллаи Док, рӯ ба рӯи дармонгоҳи №3) ҷойгир шудааст. Маълумоти иловагиро тариқи телефони 225-05-75 гирифта метавонед.

Шахсоне, ки касбу ҳунар дошта бошанд ҳам, ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд, метавонанд дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ барои калонсолон ҳунару малакаи касбии худро баланд бардошта, соҳиби ҳуҷҷат гарданд ва бо дили пур ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД