Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пулҳои навро ба муомилот барорад.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин иқдом таъмин намудани иқтисодиёти кишвар бо пулҳои нав мебошад.
Ба зудӣ дар муомилот пулҳои нави арзишашон 200 ва 500-сомонии соли бароришашон 2024 ва ҳамзамон 20, 50 ва 100-сомонии соли 2025 баровардашуда пайдо мешаванд.
Дар радифи пулҳои нав пулҳои кӯҳна низ дар муомилот хоҳанд буд.