Бори аввал дар таърихи Лигаи олии Тоҷикистон занон бозиро доварӣ карданд
Дар таърихи футболи Тоҷикистон бори аввал занон ба ҳайси доварони канорӣ дар бозии Лигаи олии кишвар фаъолият карданд.
Ин рӯйдоди таърихӣ дар бозии даври ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Истаравшан» ба қайд гирифта шуд. Дидор бо ҳисоби бузурги 8:0 ба фоидаи «Истиқлол» анҷом ёфт.
Дар ин бозӣ Дилшода Раҳмонова ва Муниса Мирзоева ба ҳайси ёварони довари марказӣ – довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло, вазифаи доварони канориро иҷро карданд.
Қаблан Раҳмонова ва Мирзоева дар бозиҳои Лигаи якум ва Лигаи ҷавонони Тоҷикистон доварӣ карда буданд. Аммо ин бори аввал аст, ки онҳо дар мусобиқаи сатҳи олии футболи кишвар ба ҳайси довар иштирок мекунанд.
Ин рӯйдодро метавон қадами муҳим дар рушди доварии занона ва ҷалби бештари занон ба футболи Тоҷикистон арзёбӣ кард.