arzon replenishment
БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН: ШАБАКАИ 5G АЗ ZET-MOBILE БАРОИ КОРБАРОНИ IPHONE ДАСТРАС ШУД
11.04.2022
promo
1010

 

ZET-MOBILE аввалин оператор дар Тоҷикистон гардид, ки дар шабакаи 5G аз смартфонҳои iPhone истифода бурдан мумкин аст. Ин маънои онро дорад, ки муштариёни ширкат, ки iPhone 13, iPhone 12 ва iPhone SE (насли 3) доранд, метавонанд ба шабакаи 5G-и ZET-MOBILE пайваст шуда, аз имтиёзҳои он баҳра баранд.

Барои пайваст шудан ба шабакаи 5G, корбарони iPhone бояд нармафзорро (программное обеспечение) ба iOS 15.4 навсозӣ (обновить) кунанд.

Моделҳои зерини iPhone дар шабакаи ZET-MOBILE 5G кор мекунанд: iPhone 13 mini, iPhone 13, iPhone 13 Pro, iPhone 13 Pro Max, iPhone SE (насли 3), iPhone 12 mini, iPhone 12, iPhone 12 Pro ва iPhone 12 Pro Макс.

ZET-MOBILE озмоиши 5G-и мукаммалро дар соли 2021 анҷом дод. Алоқаи насли панҷум дар масири протоколии шаҳри Душанбе, дар наздикии Барқи тоҷик, дар маркази Хуҷанд ва ҳамчунин дар маркази шаҳри Бохтар дастрас аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД