sebiston july new
Бори аввал Роналду довталаби "Тӯби тиллоӣ" набуд
1493

Шаби 30 октябр дар шаҳри Парижи Фаронса маросими супурдани ҷоизаҳо барои мавсими гузашта аз ҷониби рӯзномаи фаронсавии "France Football" баргузор гардид.

Бар асоси нитиҷаи овоздиҳӣ ҳамлагари дастаи футболи «Интер Майами» ва дастаи мунтахаби Аргентина — Лионел Месси барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» гардид.

Ин ҷоизаи 8-уми «Тӯби тиллоӣ» барои Лионел Месси маҳсуб мешавад.

Қаблан, Лионел Месси солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019 ва 2021 барандаи ҷоизаи пурнуфузи «Тӯби тиллоӣ» шуда буд.

Бояд гуфт, ки Айтана Бонмати- бозингари дастаҳои футболи «Барселона»-и Испания ва мунтахаби Испания барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» байни духтарон гардид.

Ҳамлагари дастаи мунтахаби Норвегия ва дастаи футболи «Манчестер Сити» — Эрлинг Ҳоланд ҷоизаи ба номи Герд Мюллер (беҳтарин ҳамлагари сол) – ро соҳиб шуд.

Бояд гуфт, ки Криштиану Роналдуи португалӣ дар 20 соли охир бори аввал ба рӯйхати 30 нафар муддаиёни ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дохил нашуд.

Роналду дар ҷараёни мавсими 2022/23 дастаи футболи «Манчестер Юнайтед»-ро тарк намуда, ҳоло дар дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд.

Ба ғайр аз ҷоизаи «Беҳтарин футболбози сол» дар маросими ботантана инчунин ҷоизаҳои дигар, ба мисли «Беҳтарин футболбоздухтари сол», «Беҳтарин дарвозабон», «Беҳтарин бозингари ҷавон» ва ғайра ба соҳибонашон тақдим шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД