sebiston july new
Боз сари муҳоҷир дар бало
830

 

Нархи патенти кор барои хориҷиён дар аксари вилоятҳои Русия аз 1 январи соли 2023 боло рафт. Дар ин бора расонаҳои русӣ иттилоъ додаанд.

Ба зикри расонаҳо, дар шаҳру вилояти Маскав, ки аксари муҳоҷирони корӣ ба ҳамин қисмати қаламрави Русия меоянд, аз 1 январи соли 2023 нархи патенти якмоҳа 6600 рубл, ё тақрибан 100 долларро ташкил хоҳад дод. Соли гузашти нархи патент дар ин ду минтақа 5900 рубл буд. Қимати патент дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, боз як бозори умда ва ҷаззоб барои муҳоҷирони корӣ низ боло бурда мешавад, вале начандон – аз 4200 ба 4400 рубл.

Аҷаб он аст, ки дар минтақаҳои иқлимашон хеле сахт ва дурафтодаи Русия, аз ҷумла дар Чибир, Шарқи Дур ва Шимоли Дур нархи патент дар муқоиса бо минтақаҳои барои кору зиндагӣ муносибтари ин кишвар баракс хеле баландтар аст. Аз ҷумла дар ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетс арзиши моҳонаи патентро барои муҳоҷирон қариб 11 ҳазор рубл, дар кишвари Забайкалйе беш аз 9700 рубл ва дар вилоятҳои Магадану Твер, ҷумҳурии Карелия ва кишвари Приморйе беш аз 8 ҳазор рубл муқаррар кардаанд.

Хабари аз 1 январи соли 2023 боло рафтани қимати патент дар шаҳру вилояти Маскав боиси дар рӯзҳои қабл аз Соли нав ба вуҷуд омадани навбатҳои бузург дар Маркази муҳоҷирон дар Сахарово шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД