Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд боз як садамаи маргбори автомобилӣ рӯй додааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи нохуш субҳи 7-уми июл, тахминан соатҳои 4:30 дар километри 96-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди деҳаи Такфони ҷамоати деҳоти Анзоб рӯй дода, мошини боркаши тамғаи “Porter”, ки аз ҷониби як сокини деҳаи Суркати ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, бо сабабҳои номаълум аз баландии тақрибан 35-40 метр ба ҷарӣ сарозер шуда, ба дарёи Фон афтодааст.
Наҷотдиҳандагон дар ҷойи ҳодиса корбарӣ мекунанд ва ҷустуҷӯи ронанда идома дорад.