Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз мактаби ба номи А. П. Чехов боздид ба амал овард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни таълиму тадрис дар мактаб шинос гардида, аз синфхонаҳои таълимӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона, китобхона, технопарки «Кванториум», ҳамчунин толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ боздид карда, бо хонандагон суҳбат намудааст.
Раиси вилоят бар аҳамияти мубодилаи таҷриба миёни муассисаҳои таълимии вилояти Суғд таъкид намуда, супориш додааст, ки дар ин самт ҳамкории зич ба роҳ монда шавад. Дар ҳамин замина, истифода аз таҷрибаи мактаби ба номи А. П. Чехов, ки муассисаи таълимии намунавӣ аст, муфид арзёбӣ гардидааст.
Раҷаб Аҳмадзода хонандагон ва омӯзгоронро бо фарорасии Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши аъло ва барори кор орзу намудааст.