Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» ташриф оварда, аз фаъолияти хизматрасонии тиббӣ ва раванди корҳои ободониву созандагии муассисаҳои мазкур дидан намудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар доираи ташриф Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, таъмиру тармим ва ҳамзамон рафти ташхису табобати беморон, вазъи санитарию эпидемиологӣ, таъминот бо доруворӣ ва ҳолати таҷҳизоти тиббӣ дар ин муассисаҳо шинос гаштааст.
Ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии болозикр аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода баҳри боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру тавсияҳои муфид дода шудааст.