goodwell
Боздошти 15 ноболиғ дар пайи занозании ду духтар дар Душанбе
10.08.2026
Оила
38

 

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе 15 нафар ноболиғонро дар пайи занозании ду духтар боздошт карда, алайҳи волидонашон парвандаи маъмурӣ оғоз намудаанд.

Навори занозании духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, вокунишҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Бино бар маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ноболиғон С. Б. ва О. С. рӯзи 5-уми август дар боғи фарҳагию фароғатии ба номи Маҳатма Гандӣ дар заминаи нофаҳмиҳои лафзӣ баҳсу муноқиша намуда, якдигарро латукӯб кардаанд, вале сабаби аслии сар задани моҷаро маълум нест. “Наврасон зери таъсири манфии омилҳои беруна ба таври кӯр-кӯрона ба фарҳангу маданияти бегона тақлид карда, симои зоҳирӣ, рафтору гуфтор, муносибат ва тарзи либоспӯшии худро тағйир додаанд,”-омадааст дар хабар.
Алайҳи волидони ноболиғон барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ боз карда, ба наврасон паёмадҳои рафторашонро фаҳмондаанд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД