Lmarka 2025
Боздошти 3 сокини Ёвон бо 8 кг маводи нашъаовар
253

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе 3 сокини ноҳияи Ёвонро бо миқдори зиёди маводи нашъаовар дастгир кардаанд.

Аз боздоштшудагон Раҷабмурод Назаров, Фахриддин Холмирзоев ва Аслиддин Навотов ном бурда мешавад. Дар хабар омадааст, ки дар рафти амалиёт аз гумонбарон 8 килограмм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Айни замон нисбати ин 3 нафар боздоштшудагон барои бо харидуфурӯши ғайри қонунии маводи нашъаовар машғул шудан бо қисми 3-и моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД