Абдураҳимов Сомон, сокини 20-солаи шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани қаллобӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад.
Тавре зимни санҷиш муайян гардидааст, гумонбаршуда бо истифода аз аксҳои воситаҳои нақлиёт, манзилҳои истиқоматӣ, истироҳатгоҳҳо ва телефонҳои мобилӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълонҳои бардурӯғ оид ба иҷора ва фурӯши онҳо нашр мекардааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ тавассути ҳамёнҳои электронии рақамҳои 987467073 ва 907951881 аз шаҳрвандон ҳамчун пешпардохт маблағҳои гуногун гирифта, онҳоро ба манфиати шахсии худ сарф намуда, ба шаҳрвандон зарари молиявӣ расонидааст.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба номбурда маводи зарурӣ тартиб дода шуда, айни замон санҷиши пешакӣ идома дорад.