Боздошти “домулло”-и нашъаманд, ки “Мактаби кӯҳна” кушода, ба 13 кӯдак таълимоти динӣ медодааст
114

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе мардеро дастгир кардаанд, ки маълумоти динӣ надошта бошад ҳам, худро ҳамчун домулло муаррифӣ намуда, 13 нафар кӯдакони хурдсолро бо усули “Мактаби кӯҳна” таълим медодааст. Дар ин бора “Душанбеполис” хабар додааст.

“13 нафар кӯдакон дур аз оғӯши гарми волидайн, дар муҳити тангу тира, аз таҳсил дар муассисаи таълимӣ дур монда, дар назди шахсе ба таълимоти динӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои муомилоти ғайриқонунӣ ва истеъмоли воситаҳои нашъадор суд шудааст”,- омадааст дар хабар.

Тафсилоти ин ҷиноят дар филми ҳуҷҷатии "Нидои кӯдакони хомӯш" қисса карда мешавад. Аз муҳтавои филми мазкур чунин бармеояд, ки Абдулло Асламов ба хотири ба даст овардани пули муфт хонаеро дар шаҳри Душанбе иҷора гирифта, худро ҳамчун донандаи илми ислом муаррифӣ карда, 13 нафар кӯдакони ноболиғро дар шароити ғайрисанитарӣ нигоҳ дошта, бо усули мактаби кӯҳна таълим медодааст.

Дар наворҳо дида мешавад, ки нон ва дигар маводи хӯрока мағор баста, кӯдакон ҳамин хӯрданиҳои вайроншударо истеъмол ва дар муҳити ифлос зиндагӣ мекардаанд.

Худи “домулло” иқрор мешавад, ки волидони ҳар кӯдак ба ӯ моҳона се ҳазор сомонӣ маблағ медоданд ва ин пулро гӯё барои иҷораи манзил ва хӯроки кӯдакон сарф мекардааст...

Айни замон гумонбаршаванда Асламов Абдулло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаҳои 117 ва 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД