goodwell
Боздошти ду нафар бо гумони куштори мӯйсафеди 75-сола барои пул
141

Кормандони милитсия дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ду мардро бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки боздоштшудагон барои пул ҳамсояи 75-солаи худро ба ҳалокат расонидаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Файзалӣ Қурбонови 48-сола ва Шокир Мардонови 35-сола дар ҳамсоягии Калимуллоҳ Сафиеви 75-сола зиндагӣ мекардаанд. Қурбонов ба мағозаи марҳум Калимуллоҳ Сафиев нӯшокиҳо дастрас мекардааст ва аз пул доштани ҳамсояаш хабардор будааст. Бо мақсади ба даст овардани пули муфт Файзалӣ Қурбонов бо додарарӯсаш Шокир Мардонов нақшаи ғорат намудани ҳамсояи кӯҳансолро кашида, шабона дар рахти хоб ба Калимуллоҳ Сафиев ҳамла кардаанд ва бо истифода аз корд дастонашро захмӣ намуда, пойҳояшро бастаанд ва даҳону бинии ҷабрдидаро бо часп (скотч) маҳкам кардаанд. Дар натиҷа Калимуллоҳ Сафиеви 75-сола дар рахти хоби худ нафасгир шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ин марди кӯҳансолро 30-юми июн пайдо кардаанд.

Айни замон нисбати гумонбарон Файзалӣ Қурбонов ва Шокир Мардонов бо гумони одамкушӣ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванди ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Ин банди қонун аз 8 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД