Кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе раиси як ширкати сохтмониро бо гумони қаллобӣ ва фиреб додани харидорон боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад.
Одинаев Содиқ Ҳикматуллоевичи 32-сола, ки дар ҷустуҷӯ қарор дошт, аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилии пойтахт бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан калон боздошт шудааст.
“Содиқ Одинаев ҳамчун роҳбари ширкати сохтмонии “Ҷамол-Басир” зиёда аз 160 нафарро бо ваъдаи хона фиреб дода, беш ба 50 миллион сомонӣ маблағҳоеро, ки харидорон бо мақсади харидории манзил дода буданд, аз худ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст”,-омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки роҳбари ширкати сохтмонии “Ҷамол-Басир” ҳар як хонаро 3-7 маротиба ба харидорони гуногун фурӯхта, бо роҳи қаллобӣ маблағҳои онҳоро аз худ намуда, афроди зиёдеро фиреб додааст.
Нисбати Одинаев Содиқ Ҳикматуллоевич бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.