1xbet
Боздошти ронандае, ки мошинро ба рӯйи корманди БДА рондааст
124

Кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ронандаеро боздошт намудаанд, ки мошинашро ба рӯйи корманди БДА рондааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки Одинаев Аҳлиддин ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди бозори «Корвон» қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, корманди бозрасии давлатии автомобилӣ мошини ӯро нигоҳ доштааст. Аммо ронанда ба ҷойи итоат намудан мошинро ба рӯйи корманди БДА, ки намояндаи қонун мебошад, ронданӣ шудааст.

Айни замон Одинаев аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва  нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД