toyota motors
Боздошти ронандае, ки воситаҳои нашъадор истеъмол карда, сари чанбарак менишастааст
27

Кормандони БДА дар пойтахт ронандаеро боздошт кардаанд, ки воситаҳои нашъадор истифода бурда, баъд ба сари чанбараки мошин менишастааст. Дар ин бора РВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

“Ҷалолов Абдураҳмон, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес», рақамҳои қайди давлатиаш 1010VW20, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мунтазам қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон менамуд. Номбурда аз ҷониби кормандони бозрасӣ дастгир шуда, зимни ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки ӯ дар ҳолати ниҳоят шадиди мадҳушӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор қарор доштааст”,- навиштааст манбаъ.

Айни замон вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Ҷалолов Абдураҳмон бо моддаи 332-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

Бо мақсади муайян ва дастгир намудани сарчашмаи паҳнкунандаи воситаҳои нашъадор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД