sebiston july new
Боздошти волидони кудакфурӯш
1142

 

Пулиси Ҳинд занеро боздошт кардааст, ки дар фурӯши писари ҳаштмоҳааш муттаҳам мешавад.

Вай ва шавҳараш ба хотири iPhone 14 ва наворбардории видео барои Instagram ин иқдомро кардаанд, хабар медиҳад портали DailyO.

Айбдоршаванда Сати ва Ҷайдев, ки дар шароити сахти зиндагӣ қарор доштанд, нопадид шудани писарашон дар дасти онҳо смартфони iPhone 14-ро ҳамсояҳо мушоҳида карданд. Онҳо дар ин бора ба полис муроҷиат карданд. Баъди пурсупоси модар иқрор шуд, ки кӯдакро ба хотири сабти видеоҳо дар саҳифаи инстаграмаш фурӯхтанд.

Дар ин замина соли 2013 низ як ҷуфт аз Шанхай ба хотири iPhone ва дигар харидҳо дар як мағозаи интернетӣ духтари худро ба маблағи 30 ҳазор юан (тақрибан 377 ҳазор рубл) фурӯхт. Боз як парвандаи пурсарусадо дар Чин низ рух дод, ки соли 2011 марде аз як хонаводаи камбизоат гурдаашро дар бозори сиёҳ барои iPad ва iPhone фурӯхта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД