Салом! Ман як духтараки дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайронмонда мехоҳам сарнавиштамро нақл карда, аз хонандагони азиз маслиҳат бипурсам.
Ҷавондухтари 20-сола ҳастам ва талабгорони зиёде дорам, вале ягон нафарашонро интихоб карда, ба шавҳар баромада наметавонам. Ҳанӯз синфи 7-ум мехондам, ки волидонам ба шаҳри Маскав рафтанд, то пул кор карда биёянду хона харанд. Аввалҳо дар хонаи бибиам зиндагӣ мекардем, вале баъдтар парастории мо ба онҳо гаронӣ намуд. Аз вақте ки танҳо зиндагӣ мекардагӣ шудем, ба қавле бе лаҷом шуда мондем, чунки касе набуд, ки моро соҳибӣ намуда, роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳад. Ҷавоне аз бекасиамон истифода бурда, мани 15-соларо бо ваъдаҳои осмонӣ ба дом афканд. Аввалҳо ман ба ӯ чандон эътибор намедодам, чунки дар маҳалла бо авбошӣ ном бароварда буд. Намехостам бо чунин ҷавони хулиган дӯстӣ карда худро бадном намоям, вале Арбоб пеши роҳамро гирифта, зӯран ба дастам рақами телефонашро медод ва таҳдид мекард, ки агар занг назанам, ҳоламро табоҳ хоҳад кард. Аз тарси ҷон ба ӯ занг мезадам.
Ҳамин тавр рафта-рафта бо ҳамдигар одат кардем. Арбоб аз оилаи сарватманд буд ва мошину хонаи алоҳида дошт, ҷӯраҳояш низ ҳама бойбачаҳо буданд. Ин бевиҷдон маро бадном кард ва илова бар ин ба таҳдид гузашт, ки агар аз хати кашидааш берун бароям, аксҳоямро дар интернет паҳн карда, маро шарманда месозад. Хостам даст ба худкушӣ занам, аммо боз фикри фарзандони падарамро карда, аз роҳам гаштам, чунки дар сурати марги ман онҳо тамоман бесоҳиб мемонданд.
Хулоса, бозичаи дасти ин бойбачаи пулмаст шудам. Ба худам нафрат дорам, охир бо ин ҳол ман на дар ин дунё рӯзи некро мебинаму на дар қиёмат. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Х. О.