Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тўлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.
Рўзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рўзҳои расмии FIFA дар як бозии дўстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат мекунад. Ин дидор дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Ин аввалин бозии расмии мутахассиси мақдунӣ Игор Ангеловский дар мақоми сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон хоҳад буд.
Ҳамчунин, дастаи мунтахаби Тоҷикистон рўзи 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии дуюми дўстонаи худро баргузор хоҳад кард, ки ҳариф боз ҳам дастаи мунтахаби Ҳиндустон аст.
Ситоди мураббиён ҳайати ниҳоии дастаро барои ин бозиҳо эълон кард. 26 бозигар даъват шудаанд, ки 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ҳастанд. Ба далели ҷароҳат Олег Баклов, Манучеҳр Сафаров, Амадонӣ Камолов ва Рустам Соиров дар ин бозиҳо ширкат намекунанд.