Чӣ ба Гулбаҳор Шокирова нерӯ мебахшад?
79

Гулбаҳор Шокирова кайҳост, ки миёни ҳаводорони савту наво бо таронаҳои ҷаззобу дилнишин ва гӯшнавозу рӯҳнавозаш маҳбубият дорад. Ин сарояндаи мумтоз бештар дар жанрҳои “Фалак”, эстрада, “Шашмақом” ва дигар жанрҳои халқӣ суруд хонда, бо маҳорати баланди ҳунариву эҷодӣ миёни дӯстдорони савту наво ҷойгоҳи хос пайдо кардааст. Мухбирамон бо сарояндаи хушовоз Гулбаҳор Шокирова ҳамсуҳбат шуд, то аз рӯзгори пурифтихори ин гули санъат нақл намояд.

Зодаи рӯзи Шашмақом

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Гулбаҳор Шокирова 12 майи соли 1984 дар шаҳри Истаравшан дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда ба камол расидааст. Соли 2000-ум пас аз хатми синфи 9-и МТМУ № 1 ва шуъбаи созҳои халқии (рубоб) мактаби санъати бачагонаи шаҳри Истаравшан, ба омӯзишгоҳи давлатии санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ба шуъбаи фортепиано - торию камонӣ дохил мешавад.

Гулбаҳор Шокирова фаъолияти меҳнатиашро аз ансамбли “Шашмақом”-хонони "Нури Хуҷанд"-и шарҳи Хуҷанд оғоз менамояд. Солҳои 2004 - 2005 дар оркестри созҳои халқии театри мазҳакавии ба номи Камоли Хучандӣ ҳамчун скрипканавоз ва дар омӯзишгоҳи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ба ҳайси омӯзгори шӯъбаи созҳои торию камонӣ кор мекунад. Сипас, ба шаҳри Истаравшан баргашта дар ансамбли "Шашмақом"-сароёни шаҳри Истаравшан ҳамчун мутриби дуторнавоз ва овозхони ансамбл фаъолият мекунад.

"Солҳои таҳсил дар омӯзишгоҳ бо роҳнамоии модари азизам Бону Шокирова дар шуъбаи санъати Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамчун шунаванда ба дарсҳои устод Ҷӯрабек Муродов ва шодравон Боймуҳаммад Ниёзов иштирок мекардам. Меҳри овозхон шудан аз ҳамон вақт пайдо шуд. Ҳамин тавр, соли 2007 ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшоҳ Сатторов дохил шуда, соли 2012 бо ихтисоси артисти ансамбл хатм намудам" - нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Гулбаҳор Шокирова, ки истеъдоду маҳорати навозандагию сарояндагии хуб дошт, бо дастгирию роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли "Дарё"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор медарояд. Сипас, аз соли 2016 ба Ансамбли давлатии "Шашмақом" ба номи Фазлиддин Шаҳобов ҳамчун шашмақомсаро ба кор даъват мешавад. Мавсуф аз соли 2024 дар Оркестри симфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад.

Сарояндаи навозанда

Гулбаҳор Шокирова дар навозандагӣ низ балад аст. Роҳи ӯ ба олами санъату ҳунар маҳз тавассути навохтани асбобҳои мусиқӣ боз гаштааст. Ин ромишгари мумтоз аз уҳдаи навохтани зиёда аз даҳ асбоби мусиқӣ, аз ҷумла дутор, танбӯр, таблак, доира, чанг, скрипка, рубоби қошғарӣ, бадахшӣ, дигар навъҳои рубоб ва сози қонун ба хубӣ мебарояд. Аз ин рӯ, дар барномаҳои фарҳангиву консертӣ ҳам менавозаду ҳам мехонад.

“Дар оилаи мо ҳама дорои маълумоти олӣ буда, мусиқидӯстдоранду аз уҳдаи навохтани асбобҳои мусиқӣ хуб мебароянд. Чун модарам Бону Шокирова аз хурдӣ ба мо рубобу танбӯр менавохтанд, меҳрамон ба олами санъату мусиқӣ меафзуд. Ҳамин тавр, барои мукаммал омӯхтани созҳои мусиқӣ ба мактаби санъати бачагонаи шаҳри Истаравшан рафта будем. Ба мо омӯзгорони бузурги мусиқӣ Камолиддин Бузуруков, Носирҷон Ашӯров ва дигарон дарс медоданд. Ҳоло додарам Сӯҳробҷон Шокиров, Муҳаммадҷон Шокиров ва хоҳарам Ёсуман Шокирова аз навозандагони муваффақанд", - иброз дошт ромишгари мумтоз.

Назар ба гуфти Гулбаҳор Шокирова дар олами санъат бештар ба модараш Бону Шокирова такя намуда, аз ӯ маслиҳату машварат мегирад. Маҳз дастгирии ҳамешагии модар, аҳли хонавода, меҳнати пайвастаи эҷодӣ ва муҳаббат ба санъат боис гаштааст, ки имрӯз аз санъаткорони маҳбубу муваффақи кишвар гардад.

Духтари "Шашмақом"

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Гулбаҳор Шокирова то имрӯз даҳҳо суруд эҷод кардааст. Таронаҳои ин сарояндаи муваффақ бо маҳорати баланди касбӣ иҷро шудаанд. Ҳамзамон, ӯ таронаҳои устодони бузурги санъати тоҷикро бозхонӣ кардааст, ки аз ҷониби мухлисон ва устодони санъат хуш пазируфта шудаанд.

“Оҳангу таронаҳои классикиро ниҳоят дӯст медорам. Аз ин рӯ, бештар дар ҳамин жанрҳо суруд мехонам. Дар эҷоди суруд аз шеърҳои шоирони классик Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил ва дигарон васеъ истифода мебарам. Ҳамзамон аз эҷоди шоирони муосир устодон Фарзона, Озарахш, Гулрухсор, Рустами Ваҳҳоб, Хайрандеш, Бону Шокирова, Махфират Юсуфӣ, Мулло Қурбонӣ, Шайдо, Муҳаррам Сорбонзода, Шаҳрия, Меҳринисо, Норинисо, Кароматулло Олимзода, Раҳмон Авезӣ ва дигарон сурудаам", - гуфт сарояндаи муваффақ.

Гулбаҳор Шокироваро дӯстдорони савту наво духтари "Шашмақом" унвон кардаанд. Аз як тараф мавлудаш дар Рӯзи "Шашмақом" бошад, аз тарафи дигар садои фораму ҳунари волои навозандагӣ ва маҳорати баландаш дар иҷрои оҳангҳои классикӣ ин номро ба ӯ шоиста гардонидааст.

Гулбаҳор Шокирова бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ афғонӣ ва қазоқиву қирғизӣ низ суруд мехонад. Мавсуф дар чандин чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ низ бо ин забонҳо суруд хондааст.

Пешвои миллат - ғамхори фарҳанг

Аввалин сабти телевизионии маҷмӯи таронаҳои Гулбаҳор Шокирова бо дастгирӣ ва фармоиши бевоситаи Пешвои миллат сурат гирифтааст. Чунин таваҷҷуҳи хос нишонаи маҳорату истеъдоди баланд доштани Гулбаҳор мебошад. Сабти аввалин таронаҳои ӯ бо мусоидати раиси вақти вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, сардори бахши фарҳанги вилоят Обидҷон Назаров дар толори театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки барои рушди минбаъдаи фаъолияти эҷодияш заминаи устувор гузоштааст. Ҳоло таронаҳои гӯшнавозу рӯҳнавози Гулбаҳор Шокирова пайваста аз шабакаҳои телевизионии кишвар аз ҷумла телевизиони "Тоҷикистон" ва "Шаҳнавоз" пахш мегардад.

“Воқеан Пешвои миллат ғамхори аҳли фарҳанганд. Бисёр ҳунарпешаву ҳунармандони кишвар аз кӯмаку дастгирии Пешвои миллат баҳравар гаштаанд. Ин таваҷҷуҳ ба рушди санъати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ мусоидат мекунанд”, - мегӯяд овозхони маҳбуб.

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Гулбаҳор Шокирова баробари эҷоди суруду таронаҳои классикиву эстрадӣ то имрӯз дар ансамблҳои   фолклорӣ-этнографии "Шашмақомсароёни Истаравшан" "Фалак"-и вилояти Суғд, "Садои Суғд", "Дарё", "Шашмақом"   фаъолият намуда, имрӯзҳо дар Оркестри симфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Дарвоқеъ, Гулбаҳор Шокирова сарояндаи муваффақу соҳибистеъдод аст. Боре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як барномаи фарҳангӣ, ки зимни ифтитоҳи Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан баргузор гардида буд, аз маҳорату истеъдоди фитрии Гулбаҳор Шокирова ситоиш карда буданд.

Гулбаҳор Шокирова ният дорад, боз ҳам суруду таронаҳои нав ба нав эҷод карда, баҳри рушди санъати тоҷик ва боз ҳам ҷаҳонӣ кардани он саҳм гузорад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД