Oila Navruz
Чӣ гуна боду ҳаво интизор аст?
1112

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳавосанҷии кишвар аз аввали ҳафтаи ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст.

То 20 апрели соли ҷорӣ дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамоли шиддат вазида, дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи кишвар хокбориш мешавад.

Ҳамчунин ҳавошиносон боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жоларо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, навоҳии наздикӯҳии вилояти Хатлон ва як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ пешгӯӣ мекунанд. Эҳтимоли боридани боронҳои пуршиддат ва дар баъзе аз минтақаҳо омадани сел дар назар аст.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар муроҷиат крада мегӯяд, ки дар чунин рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан ба кӯҳҳо, занбӯруғчинӣ, ҷамъоварии алафҳои дорувор, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД